https://sputnik.tj/20150814/1016411600.html
Бозори харбуза дар Душанбе ба ҷои "мошинбозор"
Бозори харбуза дар Душанбе ба ҷои "мошинбозор"
Sputnik Тоҷикистон
Як қисмати маҳаллаи Гипроземи пойтахти Тоҷикистон ҳар субҳи барвақт ба бозори харбузаву тарбуз табдил меёбад. Тоҷирон молу маҳсулоти худро аз бордону бағоҷи... 14.08.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-08-14T14:54+0500
2015-08-14T14:54+0500
2015-08-14T14:54+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101641/12/1016411285_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_c90177e55ed65e8e09240b7e517aea50.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо
акс, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо
Бозори харбуза дар Душанбе ба ҷои "мошинбозор"
Як қисмати маҳаллаи Гипроземи пойтахти Тоҷикистон ҳар субҳи барвақт ба бозори харбузаву тарбуз табдил меёбад. Тоҷирон молу маҳсулоти худро аз бордону бағоҷи мошин пешниҳоди мизоҷон мекунанд.
Қаблан дар ин ҷо бозори мошинҳо воқеъ буд, пас аз кӯчонидани он ба маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ мошинҳои дигари пурбор омаданд: лабрез аз тарбузу харбуза ва каду. Хариду фурӯши сабзавот дар рӯи замин, сари роҳ ва ҳар ҷои ростомада сурат мегирад.

Ҳар субҳ дар ин ҷо даҳҳо мошини пурбор ҷамъ мешавад.

Тиҷорат дар болои мошин, сари роҳ ва кӯча сурат мегирад.

Маҳсулот аз бордони мошинҳои боркаш ба таври яклухт ва чакана ба фурӯш меравад.

Тиҷорати даст ба даст дар ин ҷо дар авҷ аст.

Фурӯшандаҳо ҳатто истгоҳи мошинҳоро низ "ғасб" кардаанд.

Ба "ҳунар"-и бархе аз тоҷирони тарбузу харбуза қоил нашудан имкон надорад.

Баъзе аз тоҷирон молу маҳсулоти худро дар рӯи замин паҳн мекунанд.

Дигарон бошанд, бордони мошинро ба ҷои пештахтаи савдо истифода мекунанд.

Новобаста аз зиёд будани тоҷирони харбузаву тарбуз сокинони маҳаллӣ аз онҳо шикоят надоранд. Чаро ки дар ин ҷо харидани маҳсулот бо нархи арзон имконпазир аст.

То миёнаи моҳи сентябр тиҷорати харбуза дар Душанбе дар авҷ аст.

Харбузаро на фақат барои шириниаш, балки барои муолиҷаи бемориҳо низ истеъмол мекунанд. Аз ҷумла барои табобати асаб.