Мағлубияти мунтахаби футзали Тоҷикистон аз дастаи “Ал-қодсия”

© Flickr \ Corporación de DeportesФутзал
Футзал - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мунтахаби футзали кишвар бо мунтахаби Кувайт бозии дӯстона анҷом медиҳад. Бозии ҷавобӣ рӯзи 15 август баргузор хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон аз дастаи "Ал-Қодсия"-и Кувайт бо ҳисоби 4:6 шикаст хӯрд, менависад сомонаи ФФТ.

Ба навиштаи манбаъ, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар айни ҳол дар Кувайт ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 омодагӣ мебинад, дар бозии санҷишӣ аз бошгоҳи "Ал-Қодсия" бо ҳисоби 4:6 шикаст хӯрд. Дастаи  "Ал-Қодсия" финалисти охирин мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё маҳсуб мешавад.

Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Раҳмоналӣ Шарифов, Некрӯз Алиаҳмадов, Шавкат Ҳалимов ва Мансур Мамедбобоев ба ҳадаф расонданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби футзали кишвар бо мунтахаби Кувайт бозии дӯстона анҷом медиҳад. Бозии ҷавобӣ рӯзи 15 август баргузор хоҳад шуд.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 ҷамъомади таълимиву тамриниашро аз ин пеш дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) доир карда буд. Футболбозони тоҷик дар ин ҷо бо мунтахаби ИМА ду бозии дӯстона анҷом дода, дар аввалинаш бо ҳисоби 3:5 шикаст хӯрданд ва бозии дувум бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт. 

Лентаи хабарҳо
0