ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар шаҳри Урумчии ҷумҳурии Чин Форуми сеюми рушд ва ҳамкории шаҳрҳои ҳавзаи иқтисодии "Роҳи абрешим" баргузор шуд, ки дар он намояндагони 55 шаҳрҳои бузурги дунё ширкат доштанд, иттилоъ доданд дар ҳукумати шаҳри Душанбе ба хабарнигори Sputnik.
"Дар ин ҳамоиш шаҳри Душанберо дар қатори 16 шаҳрҳои кишварҳои ҷаҳон ба ҳайати Раёсати Форуми рушд ва ҳамкории шаҳрҳои ҳавзаи иқтисодии "Роҳи абрешим" пазируфтанд",-афзуд манбаъ.
Пойтахти Тоҷикистон дар тавсеаъи робитаҳои хориҷии худ аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ-1998), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП-2004), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП —1982), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ВО ОГМВ- 2006) мебошад.
Ҳамзамон, шаҳри Душанбе мақоми макони татбиқи Иқдомоти глобалии Созмони Милали Муттаҳид дар бахши "Шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон" оид ба Барномаи тавсеаъи ҳуқуқ ва имкониятҳои занону кӯдакон дар партави рушди устувори шаҳрҳо (2012)-ро доро аст.