Инфиҷор дар анбори маводҳои хатарнок дар Тянтсзин. Навори шоҳидон

Обуна шудан
Рӯзи чаҳоршанбе бар асари таркиш дар анбори маводҳои моеъи ширкати Ruihai Logistics-и шаҳри Тянтсзини Чин 44 нафар ҳалок шуда, 520 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Навори шоҳидонро аз маҳалли ҳодиса тамошо кунед.

Зарфияти ду таркиш дар Тянтсзин мутаносибан ба 3 ва 21 тонна бо эквиваленти тротил баробар буд, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии CCTV бо истинод ба зилзилашиносони маҳаллӣ.

Дар натиҷаи инфиҷор як бино фурӯ рехта, даҳ иншооти дигар зарар диданд. Наҷотбахшон аз зери харобаҳои биноҳо одамонро меҷӯянд. Теъдоди ҳалокшудагон ба 44 нафар расида, 520 кас ба беморхонаҳо мунтақил шудаанд. Ҳаёти 66 нафари осебдидагон зери хатари ҷиддӣ қарор дорад. Ба навиштаи оҷонсии Синхуа миёни қурбониён 12 корманди Хадамоти оташнишонӣ низ ҳастанд.

Ду таркиш дар анбори маводҳои моеъи ширкати Ruihai Logistics-и шаҳри Тянтсззини Чин дар соати 23.30 (18:30 мск) рӯзи чаҳоршанбе бо фосилаи 30 сония байни якдигар ба вуқӯъ пайваста, ларзиши замин дар масофаи чанд километр эҳсос гардидааст.

Омилҳои таркиш то ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо бо такя ба фарзияҳои муқаддамотӣ шояд мушкилоти амниятӣ дар низоми лоҷистикии ширкат ба ин сабаб шуда бошад.

Лентаи хабарҳо
0