ВАО: соли оянда дар Русия нафақа 7% зиёд мешавад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкДодани нафақа. Акс аз бойгонӣ
Додани нафақа. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нашрия менависад, ин созиш миёни ду нусхаи пешниҳодӣ аз вазорати молия (5,5%) ва ноиби сарвазир Олга Голодетс (11%) ба даст омадаааст.

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ҳукумати Русия дар садади то 7-7,1% боло бурдани ҳаҷми нафақа дар соли 2016 мебошад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи "Ведомости".

Аснои ҷаласаи машваратӣ дар Кремл ду пешниҳод дар бораи бознигарии ҳаҷми бознишастагӣ баррасӣ шуд. Аз ду тарҳи пешниҳодшудаи вазорати молия ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноиби нахуствазир Олга Голодетс созиши мусбат ба даст омад.

Нашрия менависад, ин созиш миёни ду нусхаи пешниҳодӣ аз вазорати молия (5,5%) ва ноиби сарвазир Олга Голодетс (11%) ба даст омадаааст.

Манбаъи нашрия аз нақли як мақом дар ҳукумат мегӯяд, тасмими мазкур дар Кремл, дар ҳузури Владимир Путин гирифта шудааст, аммо он қарори ниҳоӣ дар амри зиёд кардани ҳаҷми нафақа маҳсуб намеёбад.

Қаблан ҳукумат аз боло бурдани маоши моҳонаи кормандони буҷавӣ худдорӣ намуда, танҳо дар моҳи апрел пардохтҳои иҷтимоӣ ва нафақаро зиёд кард.  

Лентаи хабарҳо
0