Сокини Истаравшан ҳамсарашро буғӣ карда куштааст

Обуна шудан
Муноқишаи оилавӣ дар шимоли Тоҷикистон, ки шаби 12 август рух дод, боиси марги як нафар гардид.

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 33-сола бо иттиҳоми куштор хабар додааст, омадааст дар хабари ОИ Авеста ба истинод ба мақомоти интизомии вилояти Суғд.

Дастгиршуда сокини ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд буда, дар куштори ҳамсараш муттаҳам мешавад.

Ба иттилоъи манбаъ, гумонбаршуда, шаби 11 ба 12-уми августи соли 2015, тахминан соати 01:30 дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миёномада, ҳамсари 30-солаашро бо роҳи буғӣ кардани гулӯяш бо руймоли дар дасташ буда, ба ҳалокат расонидааст.

Нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот, идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0