Муҳоҷири тоҷик дар Балашиха аз ошёнаи 12 сарозер шуда ба ҳалокат расид

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкСохтмони бинои истиқоматӣ. Акс аз бойгонӣ
Сохтмони бинои истиқоматӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аснои таъмири бино дар иншооти мавсум “Витяз”-и шаҳри Балашиха ҳодисаи нохуш рӯй дод. Бо сабабҳои номаълум, таҷҳизоте, ки дар ошёнаи 12 барои анҷом додани умури сохтмонӣ насб шуда буд, ба замин сарозер гардид.

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки дар ошёнаи 12 як бинои истиқоматӣ дар вилояти Маскав ба кори сохтмон машғул буд, ба замин афтода, ба ҳалокат расид, иттилоъ медиҳад CA-News бо истинод ба сафорати Қирғизистон.

Манбаъ афзудааст, рӯзи 11 август дар ноҳияи Дзержинскийи шаҳри Балашиха дар иншооти мавсум ба "Витяз" се муҳоҷири ба таъмири беруни бино машғулбуда, аз ошёнаи 12 ҳамроҳ бо таҷҳизот ба поён афтидаанд.

Ду шаҳрванди Қирғизистон дар пайи ин ҳодиса осеби ҷиддӣ бардошта, муҳоҷири тоҷик фавтидааст. Алъон, муҳоҷирини қирғиз дар беморхонаи №6-и Балашиха бистарианд.

Нисбати ин ҳодиса ва сабабҳои рух додани он парвандаи ҷиноӣ боз гардида, муфаттишони раёсати Кумитаи тафтишотии Русия таҳқиқ мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0