ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Қирғизистон ба сокинони деҳаи Рангкӯли ноҳияи Мурғоби ВМКБ, ки бар асари селоб аз хонаҳои истиқоматиашон маҳрум шуданд, маводи сохтмонӣ ирсол кард, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.
"Кӯмакҳои башардӯстонаи Бишкек аз 260 дона кӯрпа, 15 тонна семент, тахта, 1102 метр тунука иборат мебошанд, ки сари вақт ба зарардидагон тақсим карда шуданд",-омадааст дар хабар.
Сокинони деҳоти Аличул, Бердикободи ин ноҳия низ ба осебдидагон маводҳои сохтмонӣ ва кӯмаки моли ирсол намуданд. Илова бар ин, бо дастури раиси вилоят аз ҳисоби захираҳои давлатӣ 100 тонна орд, 3 тонна шакар ба воситаи роҳи Ишкошим ва 200 литр равған, 3 тонна орд тавассути чархбол ба ноҳияи Мурғоб расонида шуд.
Офати табиӣ дар ин минтақаи вилояти Бадахшон 6-уми августи соли равон рух дод, ки бар асари он 13 хонаи истиқоматӣ, чанд иншооти ёрирасон ва шабакаи обрасонии ягона неругоҳи барқӣ хароб гардида, роҳи Мурғоб- Ӯш низ муваққатан баста шуд.