Ёвари раиси ММТ: шояд тақсимоти такрорӣ сурат бигирад

© Sputnik / Махпора КиромоваДовталабон дар ММТ интизори пайёмаҳои натоиҷи имтиҳоноти қабул ҳастанд
Довталабон дар ММТ интизори пайёмаҳои натоиҷи имтиҳоноти қабул ҳастанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бештари ихтисосҳое, ки ҷойҳои холиашон боқӣ мондааст, ба кластери 1, ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ рост меоянд ва аз рӯи донишгоҳҳо дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва ба ҳамин монанд, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат камтар интихоб шудаанд.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ба озмуни тақсимоти макотиби олӣ 50 ҳазору 614 довталаб роҳ ёфтанд ва дар озмуни тақсимот 35 ҳазору 922 нафар донишҷӯ шуданд,14 ҳазору 699 нафари дигар дар ин озмун муваффақ нашуданд, менависад Радиои Озодӣ ба истинод ба ёвари раҳбари ММТ Абдулвосит Юлдошев.

Довталабон дар ММТ дар нахустин рӯзи эъломи натоиҷи имтиҳоноти қабул - Sputnik Тоҷикистон
Ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 36 ҳазор довталабон пазируфта шуданд

"Айни замон иҷрои нақшаи қабул ба донишгоҳҳои кишвар ҳудуди 76 дар садро ташкил дода, 24 дар сади ҷойҳои нақшавӣ холӣ мондааст. Ҷойҳои холӣ ҳам бештар аз ҳисоби ихтисос ва донишгоҳҳое аст, ки аз сӯи довталабон камтар ва ё аслан интихоб нашудаанд",- иброз доштааст ёрдамчии директори Маркази миллии тестӣ.

Ба иттилоъи манбаъ, бештари ихтисосҳое, ки ҷойҳои холиашон боқӣ мондааст, ба кластери 1, ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ рост меоянд ва аз рӯи донишгоҳҳо дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва ба ҳамин монанд, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат камтар интихоб шудаанд.

Оқои Юлдошев гуфтааст, ҳоло ҳеч гуна қароре дар бораи тақсимоти такрории довталабон ба ҷойҳои холӣ нест, дар сурати қабул шудани он, ҳатман тавассути телевизион ба тамоми довталабоне, ки муваффақ нашудаанд, эълон мекунем.

Имтиҳон дар мактаб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ММТ: довталабони тоҷик аз риёзӣ дониши нокофӣ доранд

"Пешниҳодҳо ҳаст ва баррасӣ мешавад ин мавзӯъ, аммо ҳоло чизе дақиқ гуфта наметавонем",-қайд кардааст ӯ.

Ба қавли Юлдошев, раванди имтиҳонсупорӣ аз тарафи волидон, комиссиюни ҷамъиятӣ ва ВАО назорат мешуд ва ММТ то имрӯз дар мавриди қонуншиканӣ ва тақаллубкорӣ ягон муроҷиат ё шикоят нагирифтааст.   

Лентаи хабарҳо
0