Тошканд: онҳое, ки дар хориҷа меҷанганд аз шаҳрвандӣ маҳрум мешаванд

© AP / Amir SharҶангиёни ҳаракати "Толибон" дар роҳ ба сӯи Бағлон
Ҷангиёни ҳаракати Толибон дар роҳ ба сӯи Бағлон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Райисҷумҳури Ӯзбакистон қонунеро имзо кард, ки аз ин ба баъд барои «ҷиноят алайҳи сулҳу амнияти кишвар ва ё фаъолият ба фоидаи давлати хориҷӣ» он шахсонро аз шаҳрвандӣ маҳрум мекунад.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар Ҷумҳурии Ӯзбакистон таҳриру иловаҳо ба қонун «Дар бораи шаҳрвандӣ» ба ҳукми қонун даромад, ки  дар сурати содир шудани ҷинояти «зидди сулҳу амният» шахсонро аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум месозад, иттилоъ медиҳад CA-News.

Ахиран ин санад аз ҷониби президент Ислом Каримов имзо шуда матнаш рӯзи 11 август дар матбуоти расмӣ нашр шуд ва он қаблан аз ҷониби парлумони Ӯзбакистон таҳия ва тасвиб шуда буд.

Дар қонуни нав гуфта мешавад, ки шахс аз шаҳрвандии Ӯзбакистон дар ҳолате маҳрум мешавад, ки бо фаъолиятҳояш ба манфиати давлати хориҷӣ — ба  ҷомеа ва давлати худ осеб расонидааст ва ё ҷиноятҳое содир кардааст, ки алайҳи сулҳу амнияти кишвар равона шудаанд.

Шиносномаи биометрии шаҳрванди ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Тартиби нави гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ҷорӣ шуд

Дар қонунҳои дигаре, ки мавриди таҳрир қарор гирифтаанд, аз афроди муттаҳам ба терроризм акнун ба фоидаи давлат пардохти ҷуброни хисорот тақозо мешавад. Матбуот менависад, ки ҳадафи ин қонун муҷозот кардани шаҳрвандонест, ки ба гурӯҳҳои ҷангии хориҷӣ, мисли «Давлати исломӣ» ва  ё «Ҳаракати исломии Ӯзбакистон» пайвастаанд. Бар тибқи иттилои манобеи мухталиф, дар қаламравҳои Сурияву Ироқ ва ҳамчунин дар ҳайати гурӯҳҳои Толибон дар Афғонистон аз 500 то чандин ҳазор шаҳрванди Ӯзбакистон қарор доранд.

Чанд рӯз қабл бархе аз расонаҳои дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон низ навиштанд, ки айни чунин қонун дар ҷумҳурӣ ҳам қабул шудааст, вале мақомоти тоҷик ин хабарро ба шиддат рад карданд. Муҳаммадалӣ Ватанзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон иброз дошт, ки дар тарҳи нави қонуни шаҳрвандӣ ба лағви шаҳрвандии онҳое, ки дар хориҷ меҷанганд, ягон ишорае нест.

Гуфтанист, масъалаи ба гурӯҳҳои ҷангии давлатҳои хориҷӣ, бахусус дар қаламравҳои Сурияву Ироқ пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон мояи ҷиддии нигаронии мақомоти Тоҷикистон шудааст. Ба ҳисоби вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, 519 шаҳрванди ин кишвар дар қаламравҳои зери назорати «Давлати Исломӣ» қарор дошта, марги 150 нафари онҳо тасдиқ шудааст. 

Лентаи хабарҳо
0