Сӯхтори ҷангал дар Сибир масоҳати 140 ҳазор гектарро фаро гирифтааст

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкОташсӯзӣ дар ҷангалҳои вилояти Твер. Акс аз бойгонӣ
Оташсӯзӣ дар ҷангалҳои вилояти Твер. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаш минтақаи федералии Сибири Русия ҳолати изтирорӣ эълом шудааст. Оташнишонон ва хадамоти марбута барои хомӯш кардани сӯхтор дар ҷангалҳо сафарбар гардидаанд.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Сӯхтор дар ҷангалҳи Сибир масоҳати 120 то 138,5 гектарро фаро гирифтааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба департаменти хоҷагии ҷангали ОФС.

"Тибқи маълумоти танзимгарони хадамоти ҷангал то рӯзи 12 август масоҳати оташсӯзии ҷангалҳои Сибир ба 138,5 ҳазор гектар расида, 133 сӯхтор ба қайд расидааст",- қайд мешавад дар хабари сарчашма.

Ҳамин тавр, 65 сӯхтор дар Бурятистон дар масоҳати 82,7 ҳазор гектар, 24 оташсӯзии ҷангал дар вилояти Иркутск дар масоҳати 47,2 ҳазор ва 12-тои дигар дар Тува дар майдони 6,5 ҳазор гектар сабт шудааст. Инчунин, дар кишвари Забайкале ва ҷумҳури Алтай сӯхтори ҷангалҳо идома дорад.

Тайи як шабонарӯзи гузашта 25 сӯхтори ҷангалҳо дар майдони 5106 гектар бартараф гардид.

Ба иттилоъи расида, дар шаш минтақаи федералии Сибири Русия ҳолати изтирорӣ эълом шудааст. Оташнишонон ва хадамоти марбута барои хомӯш кардани сӯхтор дар ҷангалҳо сафарбар гардидаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0