Расонаҳо: Туркия зарбаҳои ҳавоиро алайҳи ҲКК идома медиҳад

© Sputnik / Александр Ковалев / Гузариш ба медиабонкҲавопаймои ҷангандаи F-16
Ҳавопаймои ҷангандаи  F-16 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Силопӣ аз таркиши зиреҳпӯш чаҳор тан аз кормандони пулиси турк ҷон бохтанд, як сарбоз аз тирборони мусаллаҳони курд ба чархболи низомӣ дар Симак ба ҳалокат расид.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Неруҳои мусаллаҳи Туркия дар бораи зарбаҳо ба 17 мавқеи мусаллаҳони Ҳизби Коргарони Курдистон (ҲКК) дар ҷанубу шарқи кишвар хабар доданд, тибқи навиштаи нашрияи Gordon ин ҳамлаҳо рӯзҳои 10 ва 11 август дар вилояти Аккарӣ сурат гирифтанд.

Ду ҳафта пеш Анқара барои зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои ситезаҷӯёни гурӯҳи «Гурӯҳи исломӣ» ва мусаллаҳони ҲКК дар Сурия ва шимоли Ироқ тасмим гирифт.

Ҳавопаймои ҷангии  F-16 - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: тақвияти ҳамлаҳои ҳавоии Туркия алайҳи ҲКК

Дар ҳамин ҳол, яке аз раҳбарони ҲКК Ҷамил Байик рӯзи душанбе дар сӯҳбат бо Би-Би-Си Туркияро дар он айбдор кард, ки бо ҳамла ба мавқеъҳои ҲКК дар асл ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" кӯмак мекунад.

Қаблан ВАО-и Туркия рӯзи 11 август хабар доданд, ки дар ҳамлаҳои алоҳида ба нерӯҳои амниятии Туркия дастикам 9 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар шаҳри Истамбул рӯзи душанбе як мошини ҳомили маводи тарканда дар назди қароргоҳи пулис мунфаҷир шуд.

Гуфта мешавад, хушунат миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ дар манотиқи курднишини ҷанубу шарқи Туркия ҳам шиддат мегирад. Дар Силопӣ аз таркиши зиреҳпӯш чаҳор тан аз кормандони пулиси турк ҷон бохтанд, як сарбоз аз тирборони мусаллаҳони курд ба чархболи низомӣ дар Симак ба ҳалокат расид.

Лентаи хабарҳо
0