Отамбоев мазҳабиёнро аз хидмати низомӣ озод кард

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкАлмазбек Отамбоев. Акс аз бойгонӣ
Алмазбек Отамбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Атбоъи мазҳабии Қирғизистон, ки намехоҳанд ба даст силоҳ гирифта дар артиш хидмат кунанд ҳамакнун тибқи қонун метавонанд аз ин муқаррарот озод бошанд. Барои ин амр кофист, ки дар созмони мазҳабие сабти ном шуда бошанду барои пардохти ҳаққ маблағе дар ихтиёр дошта бошанд.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Отамбоев қонунеро имзо кард, ки тибқи он ба шаҳрвандони кишвар иҷоза дода мешавад, ки бар пояи эътиқоди мазҳабии худ дар артиш хидмат накунанд, хабар медиҳад сомонаи раҳбари ҶҚ.

Чунин ислоҳот ба Қонуни ҶҚ "Дар бораи хидмати низомии шаҳрвандон ва хидмати алтернотив" аз сӯйи порлумон — Жогорку Кенеш 29 июни соли 2015 ворид карда шуданд.

Тибқи ислоҳот ва тағйироти воридшуда барои канорҷӯйӣ аз хидмати низомӣ шаҳрванди мазҳабии Қирғизистон муваззаф аст ба давлат 250 ҳазор сом (ҳудуди $600) тавассути комиссариатҳои низомии маҳалли даъват пардохт кунад.

Ин амр танҳо ба нафароне таъаллуқ дорад, ки узви созмонҳои мазҳабии сабти ном шуда мебошанду, эътиқоди онҳо аз хидмат дар артиш бо силоҳро қабул надорад.

Лентаи хабарҳо
0