Теъдоди нуқтаҳои табодули арз дар Тоҷикистон 4,5% коҳиш ёфт

© Sputnik / Амир ИсаевНуқтаи табодули арз дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Нуқтаи табодули арз дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон аз коҳиши миқдори нуқоти табодули арз дар кишвар хабар медиҳад. Коршиносони маҳаллӣ ин равандро барои коҳиши мизони хатароти қаллоби арзӣ ва ҷилавгирӣ аз уфти сомонӣ муфид арзёбӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Миқдории умумии нуқоти табодули арз дар Тоҷикистон дар муқоиса бо аввали соли ҷорӣ 4,5% коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Теъдоди нуқтаҳои табодули арз дар Тоҷикистон то 1 августи соли ҷорӣ 1 484 адад аст, ҳарчанд то 1 март дар кишвар 1 553 чунин нуқот фаъол буданд.

Дар авоили баҳор 775 нуқтаи табодули арз дар Тоҷикистон моли созмонҳои қарздиҳӣ буданду 803 адади дигар хусусӣ дониста мешуданд. Дар Душанбе 638 нуқтаи табодули арз вуҷуд дошт, ки 266 онҳо моли бонкҳо буданд 372 боқимонда хусусӣ.

Хиёбони Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раиси БМТ: амалиёти номунсифона ба “уфти” 20%-и қурби сомонӣ боъис шуд

Масдудкунии густурдаи нуқоти табодули арзи хусусӣ аз сӯйи БМТ ҶТ ба дунболи афзоиши сареъи қурби доллари ИМА сурат гирифт ва он замон чунин афзоиш ба қаллобиҳо дар бозори арзи кишвар мунҷар шуда буд.

Батадриҷ нуқоти хусусии табодули арз ба моликияти ниҳодҳои бонкӣ таъаллуқ гирифтанд. Ҳамакнун, онҳо хариду фурӯши арзро таҳти назорати бонкҳо ва танзимгари миллӣ анҷом медиҳанд.

Ба эътиқоди БМТ чунин иқдомот дар муқобала бо қаллобиҳо дар бозори арз муфид буда аз уфти сомонӣ дар қиболи доллари ИМА мусоъидат карданд.

Лентаи хабарҳо
0