Туркия ба Тоҷикистон 28 тонна маҳсулоти ғизоӣ ирсол кард

Video Player is loading.
Вақти ҷорӣ 0:00
/
Duration 0:00
Боргузорӣ: 0%
Пешрафт: 0%
Навъи нашр Дар нашр
Вақти боқимонда -0:00
 
1x
Офати табиӣ дар Бедак: агар шаб мебуд
1:31
Обуна шудан
Туркия аз ҷумлаи кишварҳоест, ки барои тоҷикистониёни аз селу обхезиҳои ахир зарардида кӯмаки башардӯстона расонид. Маҳсулоти ғизоӣ ба 160 хонавода тақсим карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Туркия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 28 тонна маҳсулоти ғизоӣ фиристод, ки он барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ рабт дорад, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста.

Кӯмаки башардӯстона ба 160 хонаводаи зарардида аз офоти табиӣ, ки дар маҳалли ҳодисаҳо ба сар мебаранд, тақсим мешавад.

Дар ҳоли ҳозир, кӯмаки Туркия ба Оҷонсии захираҳои моддии назди ҳукумати Тоҷикистон супорида шудааст, қайд мешавад дар хабар.  

Лентаи хабарҳо
0