Киев феҳрасти китобҳои хатарноки русиро таҳия кард

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкКутуб барои кӯдакон. Акс аз бойгонӣ
Кутуб барои кӯдакон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Киев асарҳои муаллифони русеро мушаххас сохтааст, ки сокинони кишварро гумроҳ месозанд. Вуруд ва тавзеъи ин кутуб дар қаламрави Украина мамнуъ шуд.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Украина "феҳрасти сиёҳи" кутуберо эълом кард, ки дар Русия мунташир шудаанду вуруди онҳо ба қаламрави Украина мамнуъ шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба сомонаи ин ниҳод.

"Ба ин феҳраст 38 китоби муаллифони рус ворид шудаанд: Эдуард Лимонов, Сергей Доренко, Александр Дугин, Сергей Родин, Николай Стариков, Андрей Фурсов, Сергей Глазӣев ва дигарон", — омадааст дар хабар.

Хабар дода шудааст, ки ин иқдом ба манзури ҷилавгирӣ аз гумроҳ сохтани атбоъи Украина рӯйи даст гирифта шудааст.

Дар Украина алаккай намоиши филмҳои русӣ мамнӯъ шудаанд. Дар маҷмӯъ ба иттилоъи Ширкати кино, аз моҳи августи соли гузашта ба ҳудуди 400 филм ва силсилафилмҳои сохти русӣ барои намоиши онҳо посухи радд дода шудаанд.

Қаблан порлумони Украина қонунеро тасвиб кард, ки тибқи он намоиши филмҳое, ки аз сӯйи ширкатҳои русӣ таҳия шудаанд ва ё ниҳодҳои қудратии Русияро таблиғ мекунанд, аз соли 2014 бад ин сӯ мамнӯъ шудаанд. Муовини нахуствазир дар умури масоили башарӣ, вазири фарҳанги Украина Вячеслав Кириленко қаблан изҳор дошта буд, ки ин мамнӯъият ба куллияи филмҳои "ҳамлаовар" ва силсилафилмҳое марбут аст, ки баъд аз соли 1991 таҳия шудаанду ба куллияи маводди телевизионӣ ва филмсозии Русия дахл дорад, ки баъ аз соли 2014 эҷод шудаанд. Агентии давлатии масоили кино ба чунин филмҳо иҷозаи намоиш намедиҳад. Филмсозони рус ин иқдоми мақомоти Киевро ҷазо барои худи атбоъи Украина унвон карданд, вале ҳамзамон изҳор доштанд, ки ба эътиқоди онҳо Русия набояд иқдоми посухӣ рӯйи даст бигирад.

Лентаи хабарҳо
0