ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Латвия ба манзури коҳиши теъдоди муҳоҷирони ғайримуҷоз бояд марзҳояш бо Русияро тақвият бидиҳад, изҳор дошт вазири корҳои дохилии кишвар Рихард Козловскис, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба радиои Лаҳистон.
"Чаҳор солу 17 миллион евро зарур аст, ки Латвия худро бо эҷоди деворе аз Русия ҷудо созад", — гуфт вазир. Ба гуфтаи вай ин маблағро бояд зимни таҳияи тарҳи будҷаи нав мавриди назар дошт.
Раҳбари ВКД Латвия зарурати ин тасмимро ба афзоиши теъдоди муҳоҷирони ғайримуҷоз аз Осиёи Миёна ва Ховари Миёна марбут донист.