ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Рӯзи гузаштаи 10 август, дар пайи сарозер шудани мошини "Хундай-Галопер" ба дарёи Панҷ дар ноҳияи Ишкошим 5 нафар ба ҳалокат расида, ронанда бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудааст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ВКД.
Ронандаи 55-солаи сокини ноҳияи Ишкошими вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ширгин ба самти маркази ноҳияи Ишкошим, дар шоҳроҳи "Хоруғ-Ишкошим-Тузқул" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро ба дарёи Панҷ сарозер кард.
"Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур — марди 53-сола, марди 34-сола, марди 22-сола ва ҷавони 15-сола, сокинони ноҳияи Ишкошим дар дарё ғарқ шудаанд",- омадааст дар хабари манбаъ.
Ронанда ва мусофири дигари нақлиёт, марди 59-сола, сокини ҳамин ноҳия бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд, вале баъди чанд соат мусофири 59-сола низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ин дар ҳолест, ки шаби 7 ба 8 август, мошини тамғаи "Опел-Астра" ба дарёи Панҷ сарозер шуда, зимни ҳодиса 9 кас аз сокинони ноҳияи Дарвоз ба ҳалокат расиданд, ки 8 нафарашон узви як хонавода буданд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 10-уми август дар пайи сарозер шудани мошини "Хундай-Галопер" ба дарёи Панҷ дар ноҳияи Ишкошим 5 нафар ба ҳалокат расида, худи ронанда бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудааст.