Ситоди ҶМД: вазъият дар масири ҷудоӣ бадтар мешавад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкҶудоихоҳ аз баталони "Рус" ҶМД. Акс аз бойгонӣ
Ҷудоихоҳ аз баталони Рус ҶМД. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷумҳурии мардумии Донетск (ҶМД) сабти афзоиши таҷаммӯъи васоили низомии артиши Украина дар наздикии масири ҷудоӣ дар Донбассро идома медиҳад.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазъият дар наздикии масири ҷудоӣ дар Донбасс бадтар мешавад, беш аз 150 мушакчаи восилаи "Гард" ба сӯйи ноҳоияи Телманово партоб шудаанд, гуфт рӯзи душанбе муъовини фармондеҳи ситоди ҷудоихоҳони ҶМД Эдуард Басурин.

"Ба самти ноҳияи Телманово 160 мушакчаи РСЗО БМ-21 "Град" партоб шуданд. Тибқи иттилоъи муқаддамотӣ як зани 70 сола ҷароҳатҳо бардоштааст", — гуфт Басурин ба хабарнигорон.

Вай афзуд, ки тибқи иттилоъи ВҲФ дар пайи тирпаррониҳои 10 август се нафар сокини осоишта кушта шудаанд. "Дар пайи тирпаррониҳои 10 август се нафар сокини осоишта кушта шуда як нафар захмӣ шудааст. Дар маҷмӯъ се нафар кушта ва ду нафар захмӣ шуданд", — гуфт Басурин.

Ба гуфтаи вай ниҳоди иктишофӣ таҷаммӯъи васоили низомии нерӯҳои мусаллаҳ дар наздикии масири ҷудоӣ дар Донбассро сабт мекунанд.
"Дар маҳалли аҳолинишини Полтавка дар 36 километрии масири ҷудоӣ маҳалли мустақар шудани тӯпзане ошкор шудааст. Дар маҳалли Новгородское дар шаш километрии масири ҷудоӣ вуруди тӯпҳои худгард мушоҳида шудаанд", — изҳор дошт Басурин.

Амалиёти низомӣ алайҳи мухолифони табадуллоти давлатӣ дар Донбас беш аз як сол идома дорад.

Дар музокироти 12 феврал дар бораи оташбас ва канор бурдани силоҳҳои сангин, ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосии Украина дар бораи тақсими қудрат ва таъйиди мақоми вижаи "манотиқи ҷудогонаи вилоятҳои Донетск ва Луганск" тавофуқ шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0