Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон зилзила рух дод

© Sputnik / StringerШаҳрдории Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Шаҳрдории Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази зилзила дар қаламрави Афғонистон воқеъ буд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Зилзила бо шиддати 6.6 MPV дар наздикии шаҳркаи Ишкошими вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ рух дод, хабар медиҳад сомонаи "Гурӯҳи зилзилашиносии Қазоқистон".

Ба иттилоъи зилзилашиносони Қазоқистон ин зилзила соъати 10.05 дақиқаву 31 сония ба вақти Гринвич ё 15:05 ба вақти Душанбе сабт шуда шиддати энержии он 13,9 буда дар умқи 120 километрӣ сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол Идораи зилзилашиносии ИМА хабар додааст, ки маркази зилзила на дар қаламрави Тоҷикистон, балкӣ дар қаламрави Афғонистон воқеъ буд ва шиддати он 5,7 дараҷа будааст. Иттилоъ дар бораи қурбониён ва хисороти ин зилзила то ҳол нарасидааст.

Дар авоили моҳи август ВҲФ Қирғизистон ҳушдор дода буд, ки эҳтимоли вуқӯъи зилзилаҳо бо шиддати 7-9 дараҷа дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон ва Чин дар навоҳии вилоёти Ботканд ва Ош вуҷуд доранд.

Лентаи хабарҳо
0