ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ӯзбакистон барои таҳқиқи марги 15 нафар аз сокинони шаҳри Урганҷи вилояти Хоразм, ки дар пайи фурӯ рафтани як пул кушта шуданд, комиссияи ҳукуматӣ таъсис додааст, менависад "Радиои Озодӣ".
Ҳарчанд Оҷонсии давлатии хабарии ӮзА мегӯяд, ин пул замоне тахриб шудааст, ки садҳо тан барои тамошои консерт омада буданд, аммо дар бораи теъдоди фавтидагон ҳеч иттилои дақиқе надодааст.
"Комиссияи ҳукуматӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, ба хонаводаи қурбониён ва маҷрӯҳон кӯмак хоҳад кард. Инчунин, комиссияи иллатҳои рух додани ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад", — хабар додааст оҷонсӣ.
Тахриби купрӯк дар боғи истироҳатии шаҳри Урганҷ он кишвар шоми 8 август рӯй дод.
Шоми шанбе барои тамошои консерт одамони зиёд болои купрӯк ҷамъ омаданд ва ҳадс зада мешавад, ки маҳз таҷаммӯи афроди зиёд боис ба хароб шудани як тарафи он шудааст. Кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар соатҳои аввал ҷасади даҳ нафарро аз об берун кардаанд.
Амалиёти наҷотбахшӣ ва ҷустуҷӯи ҷасадҳо зери нури прожекторҳо то субҳи якшанбе идома доштааст.
То кунун мақомоти расмии Ӯзбакистон дар бораи ин фоҷиа ҳанӯз иттилоеро дар ихтиёри расонаҳо нагузоштаанд.