ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Марҳилаи нахустини музокироти миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи миёни сокинони мантиқи ҳаммарз алаккай самар додааст — имрӯз ҳамзамон ҷоддаҳо боз шуда маҷрои об дар ҷӯйбор равон аст, хабар дод ба хабарнигорон муовини нахуствазири ҶҚ Абдираҳмон Маматалиев.
Ба гуфтаи вай раванди музокироти гурӯҳҳои байниҳукуматии ду кишвар, ки дирӯз оғоз шуда буд, идома меёбад.
"Феълан вазъ дар манотиқи ҳаммарзи Қирғизистону Тоҷикистон танзим шудааст. Дар ҷараёни музокирот тавофуқ шуд, ки ҳамзамон ҷодда барои ҳаракати атбоъи қирғиз ба қабристони рустои Кок-Тош ва маҷрои об дар ҷӯйбор, ки ба самти рустои тоҷиктаборони Чоркӯҳ меравад боз шаванд", — гуфт ба хабарнигорон Маматалиев.
Вай афзуд, ки ниҳодҳои интизомии ҳар ду кишвар дар манотиқи марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон тибқи реҷаи низомаш сахт фаъол ҳастанд.
"Ба ҷуз аз ин умури ҳисоби хисороти ворида дар пайи ин муноқиша ва ҳамчунин таҳқиқи он ба манзури ошкор сохтани муттаҳамон ва муҳокимаи онҳо идома дорад", — гуфт муъовини нахуствазир.
Имтидоди марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон ҳудуди 1000 километр аст. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ду кишвар наметавонанд ба сари 70 минтақаи баҳсталаб тавофуқ кунанд. Соли гузашта дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон чанд даргирии мусаллаҳона рух дод, ки далоили онҳо норӯшанӣ дар таъйиди хутути марзӣ унвон шудаанд.