Лаҳзаи сукут, зангӯла ва шамъ: ёде аз қурбониҳои Хиросима

Обуна шудан
Дар Ҷопон, Русия ва Олмон маросими поси хотири қурбониёни бомбаандозӣ дар Хиросима баргузор шуд. Дар навори видеоӣ мебинед, ки чӣ тавр одамон ба назди муҷассамаҳои ёдбуд гул мегузоранд, шамъ фурӯзон мекунанд ва садои зангӯлаҳи Сулҳро баланд менамоянд.

Ҳазорҳо ҷопонӣ рӯзи панҷшанбе дар назди боғи Муҷассамаҳои қурбониён дар Хиросима ҷамъ омаданд, то аз онҳое ёд кунанд, ки 70 сол қабл аз ин дар пайи бомбаборони ҳавопаймоҳои Амрико ҷон дода буданд. Аснои маросим оркестри кӯдакон менавохт ва зангӯлаи сулҳи Ҷопон садо медод.Ба иттилоъи оҷонсии Ruptly нахуствазири кишвар Синдзо Абэ дар қатори дигар масъулини баландпоя дар ин маросим ширкат дошт.

Дар Маскав бошад садҳо нафар ба назди бинои сафорати Ҷопон гул меоварданд, дар боғи Фридрихсхайн дар Берлин низ зангӯлаи сулҳи Ҷопон ба ёди қурбониёни Хиросима садо дод.

Соати 8-15 дақиқаи 6 августи соли 1945 баъди нишонгирӣ аз баландии 10 ҳазор метр халабонҳои ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба болои шаҳри Хиросимаи Ҷопон бомбаи ҳастаӣ (атомӣ)-и Little Boy ("Кӯдак")-ро, ки дар таркибаш уран дошт партоб карданд. Зарфияти он ба 20 ҳазор тонна баробар буд. Бомба дар баландии 600 метр таркида, дар як лаҳза ҷони 80 ҳазор нафарро гирифт, беш аз 12 ҳазор беному нишон шуданд, теъдоди захмиён ба 40 ҳазор нафар расид. Дар масофаи чаҳор километр аз маркази инфиҷор соатҳои тӯлонӣ сӯхтор идома дошт. Дар майдони 12 аҳазор километри мураббаъ куллияи иншоот ва биноҳо хароб шуда, аз 90 ҳазор манзили зист 62 ҳазори он нобуд гардид.

Лентаи хабарҳо
0