СММ: дар Афғонистон дар ним сол 1,6 ҳазор сокини осоишта кушта шудаанд

© AP / Massoud HossainiНиҳоди вижаи пулиси Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Ниҳоди вижаи пулиси Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносони СММ зикр мекунанд, ки дар Афғонистон даргиришои миёни нерӯҳои давлатӣ ва НАТО бо гурӯҳҳои тундгарои ҷангиён идома дошта ва тирпаррониву бомборон сокинони осоишта, умдатан занон ва кӯдакон осеб мебардоранд.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар нимсолаи аввал дар Афғонистон дар пайи даргириҳои мусаллаҳона 1592 мавриди фавти сокинони осоишта сабт шудааст, хабар медиҳад Afghanistan.ru бо истинод ба гузориши Ҳайъати СММ дар Афғонистон, ки рӯзи чаҳоршанбе мунташир шуд.

Зикр шудааст, ки мизони талафот дар миёни сокинони осоишта ҳамчунон баланд боқӣ мондааст.

Аз ҷумла дар шаш моҳи гузашта 3329 сокини осоишта захмӣ шудаанд, ки дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1% бештар аст.

"Масъулияти ҳудуди 70% ин маворид бар дӯши ҷангҷӯён гузошта шудааст ва ҳамзамон 16% дар пайи амалиёти нерӯҳои давлатӣ ва 15% аз сӯйи худи афғонҳо ва 1% дар пайи фаъолияти нерӯҳои НАТО рух додаанд", — иқтибос оварда шудааст аз қисмате аз ин гузориш.

10% мавориди боқимондаро душвор аст, ки ба яке аз ҷонибҳои даргирӣ ихтисос дода шавад ва 4% ба мавзӯъи инфиҷороти силоҳу маводди мунфаҷира марбут дониста шудааст.

"Хисороти сокинони осоишта зимни амалиёти заминӣ дар муқоъиса бо соли гузашта 19% коҳиш ёфта ва теъдоди қурбониёни манотиқи минкоришуда 21% камтар шудааст, вале аҳмчунон ин мизон баланд боқӣ мемонад", — омадааст дар хабар.

Дар пайи ин пажӯҳиш кормандони ҳайъати СММ аз афзоиши қурбониён дар миёни занон ва кӯдакон изҳори нигаронӣ кардаанд — омори онҳо мутаносибан 23% ва 13% афзоиш ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0