Ба ду ширкати муштарак бо Чин беш аз $30 млн сармоягузорӣ ворид шуданд

© Sputnik / Марк Агнор / Гузариш ба медиабонкИстихроҷи тилло дар кон. Акс аз бойгонӣ
Истихроҷи тилло дар кон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чин сармоягузории ду ширкати муштарак бо Тоҷикистонро барои истихроҷ ва коркарди маъодини нодир идома медиҳад ва бо истифода аз ин маболиғ корхонаи коркард ва ду корхонаи оҳангудозӣ бунёд мешаванд.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои тавсеъаи ширкатҳои "Падруд" ва "Ширкати муштараки истихроҷу коркарди маъодини Тоҷикистону Чин" дар ҳаҷми 212,8 млн. сомонӣ ё $34,1 млн. сармоягузорӣ ворид шудааст, хабар медиҳад сомонаи вазорати саноат ва фанновариҳои ҷадиди ҶТ.

Аз ин маблағ ба ширкати муштараки Тоҷикистону Чин "Пакруд", ки ба истихроҷи тилло дар кони ҳамном машғул аст, 139,9 миллион сомонӣ ё $22,4 миллион ихтисос гирифтааст.

"Ширкат насби таҷҳизот ва эҳдоси зербаноҳо дар кон, ки дар он ҷо базудӣ истихроҷи тилло ва маъодини дигар оғоз мешавад, идома медиҳад. Интизор меравад, ки корхонаи коркард 26 сентябр ва корхонаи оҳангудозӣ 26 октябр мавриди истифода қарор мегиранд", — омадааст дар хабар.

Хати истеҳсолӣ (тавлидоти)-и тиллои бонкӣ дар Екатеринбург. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон як ширкати чинӣ ба истихроҷи тилло шурӯъ мекунад

Сармоягузории "Ширкати муштараки истихроҷу коркарди маъодини Тоҷикистону Чин" дар ним соли гузашта 79,4 миллион сомонӣ ва ё $11,7 миллион шудааст.

Ин ширкати умури иктишофӣ дар маҳалли кони сурбу сурмаи "Зарнисори шимолӣ" дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғдро анҷом медиҳад. Ҳамзамон ин ширкат умури сохтмонӣ барои эҳдоси корхонаи оҳангудозӣ бо ҳазинаи $200 миллиониро анҷом медиҳад.

Ин ширкати муштарак соли 2006 аз сӯйи вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон ва ширкати China Globle New Technology Co., Ltd.-и Чин барои истихроҷ ва коркарди маъодини сурмаву сурб дар конҳои Олтин-Топкан ва Пай-Булоқ таъсис шуда буд. Бо гузашти муддате кони "Зарнисори шимолӣ" моли маъодинии ин ширкат шуд.

Лентаи хабарҳо
0