ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар иртибот ба Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав ҳайате аз масъулини баландпояи вазорати фарҳанг, овозхонону ҳунармандон ба пойтахти Русия сафар мекунанд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.
"Дар чорчӯби созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг баргузории маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия 12-уми августи соли равон дар "Кохи Филармония-2"-и Маскав дар назар аст",- омадааст дар хабар.
Зимнан, рӯзи 13-уми август дар толори Театри давлатии "Ҳунарманди Синамо" —и пойтахти Русия ва 15-уми август дар шаҳри Раменское барномаи консертӣ бо иштироки сарояндагон ва гурӯҳи мутрибони тоҷик ба нақша гирифта шудааст.
Ансамбли рақсии "Базморо" ва гурӯҳи мутрибони созҳои миллӣ бошанд, ба шаҳри Калининград сафар намуда, рӯзи 14-уми август барномаи рангинеро ба сокинони ин минтақаи дурдасти ФР пешниҳод хоҳанд кард.
Ҳайати Тоҷикистонро дар Рӯзҳои фарҳангии кишвар дар Русия муовини вазири фараҳанги ҶТ Бунафша Одинаева роҳбарӣ хоҳад кард ва ин чорабинӣ то 14 август идома меёбад.