Раҳмон аз фаъолияти раиси Шӯрои уламо шадидан интиқод кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеъи ҳукумати Тоҷикистон. 5 августи соли 2015
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеъи ҳукумати Тоҷикистон. 5 августи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон ходими мазҳабӣ бояд дар канори мардуми оддӣ бошад, на танҳо ба маросими мақомоти баландпоя ташриф оварда, худнамоӣ кунаду эътибори унвони мазҳабиашро пойин барад.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории ҷаласаи васеъи ҳукумат аз рафтори раиси Шӯрои уламои дин Сайидмукаррам Абдулқодирзода шадидан интиқод кард, хабар медиҳад маркази матбуотии раҳбари кишвар.

"Президент аз рафтори раиси Шӯрои уламои дин барои ташрифоти мунтазамаш ба маросимҳои мақомоти баландпоя эрод гирифта барояш ҳушдор дод, ки барои дарки мушкилоти мардум бояд бештар дар канори мардуми оддӣ бошад", — омадааст дар хабар.

Раҳбари кишвар ба зарурати коҳиши махориҷи будҷа барои корҳои дуввумдараҷа ба далели бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молӣ ва ташдиди назорат бар харҷи маболиғи будҷа таъкид кард.

"Ҳар яке аз мо бояд зимни баргузории ҷашнҳо бештар сариштакор бошему дар остонаи ҷашнҳои миллӣ нисбати ятимон ва афроди фақир саховатманд бошем", — зикр кард Раҳмон.

Президент ба Кумитаи умури адён ва Шӯрои уламо дастур дод, ки ба қишри камбизоату нодор кӯмакҳои молӣ карда ба ниёзи кӯдакони ятим таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунанд.

Лентаи хабарҳо
0