ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар ҷоддаҳои Тоҷикистон дар пайи ду садамаи нақлиётӣ панҷ нафар кушта шудаанд, хабар медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.
Рӯзи сешанбе сокини 30-солаи ноҳияи Тавилдара дар минтақаи Чошт бо мошини худ "Hyundai galloper" аз ҷодда берун шуд. Мошин ба ҷарии 500 метрӣ сарозер шуд ва дар натиҷа ронанда ва мусофири 29-сола, сокини маҳаллӣ ҷароҳатҳо бардошта дар ҷойи ҳодиса ҷони худро аз даст доданд.
Мусофирони дигари ин мошин — марди 27-сола, писарбачаи 7-сола ва навҷавони 17-сола бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон мунтақил шудаанд.
Дар ҳамин рӯз, дар ноҳияи Рӯдакӣ сокини 63-солаи маҳаллӣ идораи мошини "Mercedes-Benz"-ро аз даст дода ба ду раҳгузар — марди 29 сола ва кӯдаки 2 сола бархӯрда, сипас ба самти муқобили ҷодда баромада сарозер шудааст.
Дар пайи ин ҳодиса ронанда, мусофири 60-сола ва кӯдаки дусола ҷароҳатҳои сангин бардошта дар бемористон ҷони худро аз даст додаанд. Пиёдагарди 29-сола ва мусофири дигари 59-солаи ин мошин ҷароҳатҳо бардошта ба бемористон мунтақил шудаанд.