Lambert Academic Publishing китоби олими тоҷикро ба чоп расонд

© Flickr \ Björn LindellКитоб
Китоб - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар китоби мазкур таҷрибаи таърихии сулҳи тоҷикон, оштии миллӣ, муттаҳид намудани ҷавонон дар бунёди давлати соҳибистиқлол бо арқоми фаровони илмиву публитсистӣ мавод омода карда шудааст.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Нашриёти "Lambert Academic Publishing"-и Олмон китоби Ваҳҳоб Набиев, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро нашр кардааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.

"Дӯстӣ ва фарҳанг — сарчашмаи ваҳдати халқҳо"-и академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия — Ваҳҳоб Набиев инчунин дар сомонаи расмии "Lambert Academic Publishing" нашр гардида, дар тамоми онлайн-мағозаҳои ҷаҳон низ қобили дарёфт шудааст".

Ба иттилоъи манбаъ, дар ин асар мақолаҳои солҳои 90-уми асри ХХ ва солҳои ахир навиштаи муаллиф ҷамъоварӣ шудааст. Ин мақолаҳо ба таври густурда, воқеӣ ва васеъ баррасӣ гардида, дар он шаклҳои гуногун, роҳҳо ва воситаву ҳамгироии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя инъикоси худро ёфтааст.

Олим дар ин китоб бо далел ва мисолҳои мушаххас муносиботи эҷодӣ ва илмии нависандагони ҷавонро баён намуда, ҳамзамон аз мушкилоти адабиёти бачагона, кўмаки мутақобила, бародарӣ, баррасӣ дар идоракунии офатҳои табиӣ дар сохтмони иншооти иқтисодии кишварҳои ҳамсоя ва ғайра андешаронӣ намудааст.

Муаллифи асар инчунин оид ба нақши пешбари фарҳанг дар ягонагии мардум, мероси фарҳангии тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ, ҷойгоҳи фарҳанги Тоҷикистон дар баргузории идҳо ва даҳсолаи санъат, эҳтиром ба мероси фарҳангӣ маълумоти муфассал додааст. Дар китоби мазкур таҷрибаи таърихии сулҳи тоҷикон, оштии миллӣ, муттаҳид намудани ҷавонон дар бунёди давлати соҳибистиқлол бо арқоми фаровони илмиву публитсистӣ мавод омода карда шудааст.

Дар айни замон профессор Ваҳҳоб Набиев ба ҳайси мудири кафедраи "Таърихи Ватан"-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият мебарад. Ӯ муаллифи зиёда 40 монографияву брошюраҳо ва беш аз 500 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0