Президенти Туркманистон бо нахустин сафари давлатӣ ба Қирғизистон омад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкРаиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов. Акс аз бойгонӣ
Раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин сафари давлатии раисҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Қирғизистон то 6 август идома меёбад. Интизор меравад дар пайи ин сафар ҷанд қарордоди дуҷониба дар бахшҳои омӯзишу парвариш, илм, фарҳанг ва кишоварзӣ имзо шаванд.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо нахустин сафари давлатӣ вориди Қирғизистон шуд, хабар медиҳад Sputnik дар Бишкек.

Дар фурудгоҳи Бишкек меҳмони воломақомро раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Отамбоев истиқбол гирифт.

Дар ҷараёни сафари давлатии дурӯзаи раҳбари Туркманистон Отамбоев ва Бердимуҳаммадов мулоқотҳои ҷудогона ва бо шумули аъзои ҳайъатҳо анҷом дода дар пайи онҳо бархе аз аснод имзо хоҳанд шуд.

Интизор меравад, ки раҳбарони ду кишвар масоили тавсеъаи муколамаи сиёсӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, маводди сӯхтӣ ва нақлиётӣ ва ҳамчунин ҳамгиройӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмиллалиро баррасӣ кунанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ВКХ ҶҚ.

Ҳамчунин, ба навиштаи хабаргузорӣ дар чаҳорчӯби сафари раиси ҷумҳур Бердимуҳаммадов дар Бишкек ҳамоиши бозаргонии "Қирғизистон-Туркманистон" бо мушорикати раҳбарони вазоратхонаҳову ниҳодҳои ду кишвар ва тоҷирони ин ду кишвари Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0