ВАО: инфиҷор дар як майхонаи Одесса қурбонӣ дар пай надошт

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкСӯхтор дар ПИТ (НИИ)-и шаҳри Маскав бартараф шуд. Акс аз бойгонӣ
Сӯхтор дар ПИТ (НИИ)-и  шаҳри Маскав бартараф шуд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пас аз таркиш дар майхонаи “Бикини”, ки дар ноҳияи Лузановки шаҳри Одесса воқеъ аст, сӯхтор ба амал омад.

 ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Инфиҷор дар яке аз майхонаҳи шаҳри Одесса шаби чоршанбе ба вуқӯъ пайваст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба нашрияи "Украинская правда".

Тибқи хабари манбаъ, дар пайи таркиш талафоти ҷонӣ ба қайд нарасидааст, аммо бинои иншоот хисороти ҳангуфт дида, комилан тахриб шудааст. Аснои ҳодиса фаъолони "Шӯрои ҷамъиятии амният" ва "Автомайдон" дар макони воқеъа ҳузур доштанд.

"Шаби 4 ба 5 август дар майхонаи мавсум ба "Бикини"-и ноҳияи Лузановкаи шаҳри Одесса оташсӯзӣ ба вуқӯъ пайваст… Сӯхтор баъди таркиши сахт ба амал омад",- менависад нашрия.

Лентаи хабарҳо
0