Мураббиёни тоҷик таърихи ҳаракати олимпиро омӯхтанд

© Sputnik / Михаил МокрушинҲалқаҳои олимпӣ. Акс аз бойгонӣ
Ҳалқаҳои олимпӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷамъбасти машғулиятҳо ба ширкаткунандагони давраи бозомӯзӣ сертификатҳои Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супорида шуд.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Давраи бозомӯзии маъмурони соҳаи варзиши Тоҷикистон тайи рӯзҳои 1-3 август дар шаҳри Хуҷанд сурат пазируфт, менависад Радиои Озодӣ.

Ба иттилоъи манбаъ, дар давраи бозомӯзӣ 25 нафар роҳбарону кормандон, мураббиёни мактабҳои варзишии шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Ашт, Зафаробод, Спитамен ва Ҷаббор Расулов ширкат доштанд.

Давраи бозомӯзиро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ ташкил намуд. 

Ба гуфтаи сардори шӯъбаи варзиш ва таълимоти олимпии Кумитаи миллии олимпӣ Маҳмуд Абдуллоев, "давраи бозомӯзӣ, пеш аз ҳама, бо мақсади такмили ихтисос, баланд бардоштани савияи дониши назариявии маъмурони соҳаи варзиши вилояти Суғд доир гардид".

Иштирокчиёни давраи таълимӣ маърӯзаҳо дар бораи таърихи ҳаракати олимпии ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон, дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ, Бозиҳои осиёиву олимпиро шунида, бо ҷараёни омодагии варзишгарони тоҷик ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ошно шуданд.

Ҳамзамон, мулоқоти иштиркочиён бо варзишгари маъруф- Владимир Елчанинов ва шогирди ӯ- Расул Боқиев, ки дар бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин соҳиби медали биринҷӣ гардид, хотирмон буд.

Дар ҷамъбасти машғулиятҳо ба ширкаткунандагони давраи бозомӯзӣ сертификатҳои Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супорида шуд.

Лентаи хабарҳо
0