Дар шабакаи Интернет навори шиканҷаи писари Қаззофӣ пайдо шуд

© Flickr \ David StanleyШаҳри Триполи. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Триполи. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саъдӣ Қаззофӣ дар соли 2014 ба Либиё истирдод гардида, дар маҳбасе аз шаҳри Триполӣ ба сар мебарад. Ӯ бо иттиҳоми қатли футболистон ва чанд ҷиноёти дигар муттаҳам мешавад.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар навор дида мешавад, ки писари зиндонии собиқ роҳбари Либиё Муъаммар Қаззофӣ — Саъдӣ Қаззофи мавриди шиканҷа ва озор қарор гирифтааст.

Дар навор маълум аст, ки чашмони ӯро баста, пурсиш мегузаронанд ва сипас ба панҷаҳои пояш бо чӯб зарба мезананд.

Тибқи иттилоъи Reuters, додситонии Либиё аллакай ба тафтиши сабт оғоз кардааст. Мақомот гуфтаанд, дар кӯтоҳтарин фурсат шахсияти қаровулон муайян ва ба муҷозот кашида мешаванд.

Навор дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ҳамагӣ як ҳафта баъди эълони ҳукми эъдом алайҳи Сайф-ул-Ислом, писари дигари Қаззофӣ дастраси истифодабарандагон гардидаст.   

Аз замони барканорӣ ва қатли раҳбари Либиё- Муъаммар Қаззофӣ, шурӯъ аз даврони ҷанги дохилӣ аз соли 2011 ин кишвар давраи бӯҳрониро паси сар мекунад. Дар пайи ихтилофот дар ҷумҳурӣ дуҳокимиятӣ ба вуҷуд омадааст: аз як тараф — парлумони аз ҷониби мардум интихобшуда, ки дар шаҳри Тобрук таҳти сарварии  нахуствазир Абдуллоҳ ат-Танӣ ҷаласа баргузор мекунад ва аз сӯйи дигар — Анҷумани умумии исломгаро, ки дар Триполӣ бо нахуствазири интихобшуда Умар ал-Хасӣ мустақар аст.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз манотиқи Либиёро мақомоти марказӣ таҳти назорат надоранд ва онҳоро ҷангҷӯёни ифротгарои "Давлати исломӣ" дар тасарруфи худ нигоҳ медоранд.   

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0