ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Шаҳриёр Даминов, варзишгари тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии қаиқронии ҷаҳон байни ҷавонон дар Португалия дар сабқати гуруҳӣ мақоми аввалро соҳиб шуд, хабар медиҳад сайти Кумитаи миллии олимпӣ.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар "байдарка" ва "каноэ" байни ҷавонони синнашон аз 18 то 23-сола, ки бо ширкати ҳудуди 500 варзишгар аз 37 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Лиссабони Португалия баргузор шуд, Тоҷикистонро танҳо як нафар — Шаҳриёр Даминов — намояндагӣ кард.
Вай дар "каноэи" яккаса ба масофаи 1000 метр дар сабқати ниҳоии гуруҳи "В" бо натиҷаи 4 дақиқаю 06 сония ғолиб шуд. Дар гуруҳи "А" Сергей Торновский аз Молдова бо натиҷаи 3 дақиқаю 53 сония мақоми аввалро касб кард. Ба ин тартиб, Шаҳриёр Даминов дар ҷамъбасти умумӣ дар байни 36 нафар ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.
"Натиҷаи нишондодаи Шаҳриёр Даминов дар таърихи ин намуди олимпии варзиш дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон беҳтарин аст. Шаҳриёри 18-сола донишҷӯи бахши дувуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонист, ки шаш сол инҷониб ба қаиқронӣ машғул аст", — гуфтааст Нодир Сафаров, дабири кулли Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, Шаҳриёр Даминов бо натиҷаи нишондодааш дар Португалия ҳуқуқ пайдо кард, дар мусобиқаи қаҳрамонии қаиқронии ҷаҳон байни бузургсолон, ки рӯзҳои 20-24 август дар шаҳри Милани Италия баргузор мешавад, ширкат варзад.
Даминов соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Самарқанд дар "каноэи" яккаса ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 00:43 сония мақоми севумро соҳиб шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашта буд. Ин нахустин медали қаиқронони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ба шумор меравад.