Бонки миллии Тоҷикистон бо Thomson Reuters музокирот мекунад

© Официальный сайт Национального банка РТИмкони истифода аз низоми Thomson Reuters дар музокирот бо Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоише дар Душанбе матраҳ шудааст
Имкони истифода аз низоми Thomson Reuters дар музокирот бо Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоише дар Душанбе матраҳ шудааст - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон зимни истифода аз тиҷорати электронии арз тавсеъаи навҳаи байналмиллалӣ касб хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Имкони истифода аз навҳаи воҳиди тиҷоратии Thomson Reuters аз сӯйи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷараёни ҳамоише дар Душанбе баррасӣ шуд, хабар медиҳад маркази матбуотии танзимгари молӣ.

"Дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш масоили дурнамои истифодаи навҳаи воҳиди тиҷоратӣ барои амалиёти молии Бонки миллии Тоҷикистон, беҳбуди низомҳои пулӣ, фурӯши саҳҳом, анҷоми амалиёти арзӣ дар бозори байнибонкӣ матраҳ шудаанд", — омадааст дар хабар.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМТ рушди андаки иқтисод дар оғози соли 2015-ро зикр кард

Зикр шудааст, ки намояндагони Thomson Reuters маҳсули нозири барномавии худ барои тиҷорати электронии фурӯши арзи FX Alliance (FXall), ки феълан дар фурӯшгоҳҳои байналмиллалӣ воридкунандаи пешсафи ин хадамот дониста мешавад, муъаррифӣ шуд.

Дар БМТ гуфтанд, ки Thomson Reuters низоми саршиноси байналмиллалӣ аст, ки ширкаткунандагони бозори молиро бо иттилооти комил таъмин мекунад.

Ин низом ба ширкаткунандагон тавассути шабака имкон медиҳад, ки ба ахбор, қимматҳо ва иттилоъоти дигар дастрасӣ дошта бошанд. Аз хадамоти Thomson Reuters бештаре аз бонкҳои марказӣ ва тиҷоратӣ ва ҳамчунин ширкатҳои бузурги молӣ истифода мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0