National Geographic дар бораи нони тоҷикӣ наворе ба намоиш гузошт

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкБозори Шоҳмансур дар Душанбе
Бозори Шоҳмансур дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аксбардори мустақил ва наворбардор, ки бо гузоришҳои худ аз кишварҳои собиқи шӯравӣ саршинос аст, барои шабакаи телевизионии маъруфи амрикоӣ дар бораи нони тоҷикӣ гузориши видеоӣ таҳия кард.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Шабакаи маъруфи амрикоии National Geographic дар бораи таҳияи нони тоҷикӣ навори видеоӣ омода кард.

Навор дар манзили Шамсулло Дӯстов, сокини ноҳияи Қумсангир аз сӯйи аксбардор ва наворбардори мустақил, нависанда Ҷон Вендел таҳия шудааст.

"Дар Тоҷикистон нонро ҳамчунон бо шеваи маъмулӣ ва зебо таҳия мекунанд. Қисмате зиёде аз замин дар атроф барои кишоварзӣ созгор нест. Ба ин далел нон ғизои аслӣ барои сокинон маҳсуб мешавад", — гуфта мешавад дар пасманзари ин гузориши видеоӣ.

Our video of the day: In Tajikistan, bread is still baked in a beautiful, traditional way in some households. Watch the process unfold in this short clip. #ShortFilmShowcase

Posted by National Geographic on 2 августа 2015 г.

Ҷон Вендел, аксбардор ва наворбардори саршиносест, ки таҷрибаи ҳудуди даҳсолаи зиндагӣ дар кишварҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла дар Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Украина ва Афғонистонро дорад. Маводди таҳиякардаи вай дар расонаҳои саршинос назири The New York Times, The Washington Post, Al Jazeera America, Al Jazeera English, Business Week, ABC, CNN, BBC, GQ, Marie Claire, Monocle, Channel 4, The Times of London, The Independent, The Telegraph, the UN, Habitat for Humanity и The International Committee of the Red Cross мунташир ва пахш мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0