Барои сокинони Бадахшон маҳсулоти арзон мебаранд

© Sputnik / Андрей СтенинХалтаи орд. Акс аз бойгонӣ
Халтаи орд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо ташаббуси чанде аз идороти давлатӣ, даҳҳо тона маҳсулоти ғизоӣ ба Бадахшон фиристода шуда, бо қимати то 30-50 дарсад арзонтар аз арзиши бозор ба фурӯш бароварда шудааст.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ, идораи "Тоҷикматлубот" ва Агентии захираҳои моддии Тоҷикистон аз ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Ваҳдат зиёда аз 200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ барои сокинони Бадахшон равона шудааст, менависад АМИТ Ховар.

Бинои ВКХ ҶТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи ҶТ: $100 миллион ҳаҷми хисороти офати табиӣ

Вазорати кишоварзӣ хабар додааст, 40 тонна картошка, 50 тонна пиёз, 10 тонна сабзӣ, 9 тонна карам, 2 тонна қаламфури булғорӣ, 30 тонна тарбуз, 20 тонна харбуза, 2 тонна биринҷ, 4,5 тонна орд, 2 тонна помидор, ҳамчунин чой, равған ва дигар маҳсулоти ғизоӣ бо қимати то 30-50 фоиз нисбат ба бозор арзон, ба сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Рошқалъа, Ишкошим ва Мурғоб пешкаш шудааст.

Дар пайи болоравии сатҳи оби рудхонаҳо ва фаромадани сел дар даҳҳаи дувум ва севуми моҳи июл дар ноҳияи Ванҷ 6 нафар ва дар деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт 1 нафар кушта шуд. Обхезиҳо даҳҳо манзили зисти сокинонро дар навоҳии Бадахшон ва ноҳияи Рашт тахриб карда, тибқи ҳисобҳои қаблӣ, дар маҷмӯъ 100 миллион доллар хисорот овардааст.

Лентаи хабарҳо
0