Авеста: “Оташи абадӣ” дар Хуҷанд тӯли сол хомӯш намешавад

© Sputnik / Амир ИсаевОташи абадӣ дар Боғи Пирӯзӣ дар Душанбе
Оташи абадӣ дар Боғи Пирӯзӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои гиромидошти хотираи сарбозон ва афсарони фавтида дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мақомоти шаҳрдории маркази вилояти Суғд тасмим гирифтанд “Оташи абадӣ” тӯли сол фурӯзон бошад.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. "Оташи абадӣ" дар назди ду муҷассамаи хотираи ҳалокшудагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тӯли сол фурӯзон хоҳад буд, навиштааст хабаргузории "Авеста" бо истинод ба манбаъ дар шаҳрдории Хуҷанд.

"Шаҳрдорӣ бад ин манзур барои харидории гази моеъ беш аз 30 ҳазор сомонӣ (ҳудуди $4700) ихтисос додааст", — изҳор дошт манбаъ ба хабаргузорӣ.

Ба гуфтаи ин манбаъ қаблан "Оташи абадӣ"-ро танҳо дар рӯзҳои ҷашнӣ ва Рӯзи Пирӯзӣ оташафрӯз месохтанд, вале ҳамакнун мақомоти Хуҷанд тасмим гирифтаанд оташи онро дар тӯли сол ба манзури гиромидошти хотираи кушташудагон дар набардҳои ҶБВ фурӯзон нигаҳ доранд.

Дар Хуҷанд ду муҷассамаи хотираи сарбозони кушташуда вуҷуд доранд ва дар зери онҳо "Оташи абадӣ" фурӯзон мебошанд: дар маркази шаҳр ва дар маҳалли бозори "Панҷшанбе".

Лентаи хабарҳо
0