ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ҷаласоти зергурӯҳҳои кории гурӯҳи сеҷонибаи тамом барои оташбас дар Украина дар "Президент-Отел" дар Минск ба кори худ оғоз карданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба манбаъи наздик ба раванди музокирот.
"Зергурӯҳҳои ихтисосии гурӯҳи тамос барои ҳалли қазияи Украина дар Минск ба кори худ оғоз карданд", — изҳор дошт ба хабаргузорӣ манбаъ.
Ҷаласот дар "Президент-Отел" дар маркази пойтахти Белорус сурат мегиранд.
Ҷаласоти қаблии гурӯҳи тамоси сеҷониба ва зергурӯҳҳои кории онҳо дар Минск дар авохири моҳи июл баргузор шуда буданд. Натоиҷи аслии ин мулоқот хабари таҳияи созишнома дар бораи аз хатти даргирӣ канор бурдани таслиҳоти аз 100 миллиметр камтар ва танкҳо буд, аммо ин санад дар ниҳоят тасвиб нашуд. Ба ҷуз аз ин мавзӯъи калидӣ берун бурдани нерӯҳои низомӣ аз маҳалли аҳолинишини Широкино аст.
Баъд аз ҷаласоти зергурӯҳҳо музокироти худи гурӯҳи тамос бояд сурат бигиранд. Намояндагони ҷумҳуриҳои худмухтори Донетск ва Луганск қаблан пешниҳод карда буданд, ки дар сурати адами дастёбӣ ба пешрафти чашмрас дар ҷаласоти рӯзи душанбе фаъолияти гурӯҳи тамос тамдид карда шавад. Вале ин пешниҳод аз сӯйи Киев пуштибонӣ пайдо накард.