ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Марҳилаи дуввуми сабқати футболи Тоҷикистон миёни тимҳои лигаи олӣ рӯзи шанбе бо баргузории панҷ бозии даври даҳум оғоз шуд, хабар медиҳад сомонаи ФФТ.
"Дар бозии калидии ин давр? "Далерон"-и Истаравшан таҳти раҳбарии сармуррабии ҷадид Алиёр Ашӯрмамадов дар майдони худ "Равшан"-и Кӯлобро бипазируфт. Ин бозӣ, ки бо ҳамлаҳои тарафайн сурат гирифт, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 4:3 анҷом шуд", — зикр шудааст дар хабар.
"Хуҷанд" дар меҳмонӣ бар тими "Барқи тоҷик"-и пойтахт бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Ба дастаи соҳили Сирдарё зарбаҳои нишонраси Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров ва Ҷаҳонгир Эргашев се имтиёз оварданд.
Пешсафи сабқат "Истиқлол"-и Душанбе бар тими "Вахш" аз Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 3:0 бо зарбахои Хуршед Маҳмудов, Манучеҳр Ҷалилов ва Фатҳулло Фатҳуллоев пирӯз шуд.
"Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода дар бозӣ бо тими ТССКА "Помир" бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи пирӯзиро Комил Саидов дар дақиқаи 43-и бозӣ ба тӯри дарвозаи ҳарифон ворид кард.
Зарбаи Меҳроҷиддин Музаффаров аз тими "Хайр"-и Ваҳдат дар бозӣ алайҳи "Парвоз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се имтиёз овард — 1:0.