ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистон сарбози худ Александр Терентевро, ки як моҳ қабл аз ин ғайб задааст, мавриди кофтукоб қарор дод, менависад хабаргузории "Озодагон" бо истинод ба манбаъ дар дивизияи мазкур.
Сарбози қаторӣ Терентев як моҳи қабл худсарона ҳудуди пойгоҳи низомии 201-ро тарк карда, то ҳол аз худ дарак надодааст.
Ба иттилоъи сарчашмаи хабар, Александр Терентев 25-сола буда, аз вилояти Кургани ФР ба хидмати ҳарбӣ даъват шудааст ва то фирор аз қиси низомӣ, дар бахши пойгоҳи низомии 201 мустақар дар шаҳри Кӯлоб адои хидмат дошт.
Масъулини пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз онҳое, ки дар бораи макони буду боши ин сарбози гуреза иттилоъе доранд, хоҳиш менамоянд бо фармондеҳии гарнизон тамос бигиранд.