КМЗ: ҷанггиёни муҳосирашуда дар Налчик маҳв шуданд

© Sputnik / Евгений Каюдин / Гузариш ба медиабонкАмалиёти вижа барои боздошти ҷангҷӯён дар Налчик
Амалиёти вижа барои боздошти ҷангҷӯён дар Налчик - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ниҳодҳои вижаи Русия дар Қабардину Болқар амалиёти муваффақе анҷом дода гурӯҳи ҷангҷӯёне, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти террористӣ анҷом додааст, маҳв кардаанд.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар ҷараёни амали зиддитеррористӣ гурӯҳи шашнафарии ҷангҷӯён, ки дар утоқе дар хиёбони Мусов дар Налчик муҳосира шуда буданд, маҳв карда шудаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Кумитаи миллии зиддитеррористӣ.

"Дар утоқе дар бинои нӯҳтабақа дар хиёбони Мусов тибқи иттилоъи муқаддамотӣ шаш нафар ҷангҷӯй маҳв шудаанд", — гуфт ба хабаргузорӣ мусоҳибе аз ниҳодҳои интизомии минтақа.

"Тибқи иттилоъи дар ихтиёри ХФА қарор дошта, ҷангҷӯёни маҳвшуда дар авоили соли ҷорӣ ба вазъи махфӣ гузашта шомили ба ном бахши марказии тахрибкорони махфӣ шудаанд ва дар қаламрави ҷумҳурӣ аъмоли террористӣ анҷом медоданд ва аз ҷумла 31 июл ба қатли сарҳанги пулис даст задаанд", — хабар доданд дар Кумитаи миллии зиддитеррористӣ.

Низоми амалиёти зиддитеррористӣ дар қисмате аз шаҳри Налчик, аз ҷумла дар хиёбонҳои Самотечная, Геляев, Мусова, Наздисоҳилӣ 2, Нартановск ва Калинин шаби гузашта роҳандозӣ шуд. Дар утоқе дар бинои воқеъ дар хиёбони Мусов гурӯҳе аз ҷангҷӯёне муҳосира шуданд, ки ба пешниҳоди таслим ба сӯйи низомиён тирпарронӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0