Хавфи гармшавии ҳаво ва селфуроӣ то 5-уми август идома мекунад

© PixabayТермометр. Акс аз бойгонӣ
Термометр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муассисаи обу ҳавошиносии кишвар иттилоъ додааст, ки эҳтимол аст дубора оби рудхонаҳо боло рафта, дар як қатор ноҳияҳои куҳсор сел фарояд.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дамои гарми ҳаво дар Тоҷикистон то 5-уми август  идома ёфта, эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби дарёҳо ва ҷорӣ шудани сел вуҷуд дорад, навиштааст АМИТ Ховар.

Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳад, ки аз 3-юм то 5-уми моҳи ҷорӣ ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ шабона +19-22 дараҷа ва рӯзона +38-40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Инчунин, дар назар аст дар ин рӯзҳо оби сатҳи дарёҳои Ғунд, Ванҷ, Панҷ, Бартанг, Язғулом, Вахш, Зарафшон баланд шуда, омадани сел дар як қатор ноҳияҳои кӯҳсор дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки дар ин рӯзҳо бе зарурият ба мавзеъҳои душворгузар, хусусан минтақаҳои кӯҳӣ сафар накунанд. Аз шикор ва ҳама гуна саёҳат дар кӯҳ худдорӣ намоянд. Ҳамзамон, дар мавзеъҳое, ки қобили оббозӣ нестанд, машғули шиноварӣ нашаванд.

Лентаи хабарҳо
0