Ҷанги нахустини ҷаҳонӣ дар таърихи башарият яке аз даргириҳои ҷиддитарин шуд — ҳам аз рӯйи миқдори кишварҳои ширкаткунанда ва ҳам аз рӯйи талафоти он. Дар солҳои ин ҷанг беш аз 10 миллион сарбозон ва ҳудуди 12 миллион афроди мулкӣ кушта шуданд.
Илали аслии ҷанг ихтилофоти миёни кишварҳои пуриқтидори ду иттиҳоди бузург — Антанта (иттиҳоди Русия, Бритониё ва Фаронса) ва Иттиҳоди сегона (иттиҳоди Олмон, Австрияву Маҷористон ва Италия) шуданд.
Ин ҷанг боъис шуд, ки чаҳор империя — Русия, Австрияву Маҷористон, Усмонӣ ва Олмон аз байн рафтанд.
Барои Русия Ҷанги нахустини ҷаҳони бо сулҳи Брест анҷомид, ки аз сӯйи кишвари шӯравӣ имзо шуда кишварро водор сохт, ки аз қаламрави қобили мулоҳизаи худ даст кашад.

Эъзоми сарбозон ба артиши Русия дар соли 1914. Даъватшудагон ба хобгоҳ мераванд. Акси бознигаришудаи соли 1963-и Н. Пашин.

Русия дар соли 1914 дар замони Ҷанги нахустини ҷаҳонӣ. Сарбозони артиши шоҳигарӣ ба набардҳо эъзом мешаванд. Акс аз бойгонии асноди аксии Иттиҳоди Шӯравӣ.

Сарбоз дар махфигоҳе дар ҷангал ба ҳангоми Ҷанги нахустини ҷаҳонӣ. Соли 1914.

Сарбозони рус дар махфигоҳҳои замони Ҷанги нахустини ҷаҳонӣ. Соли 1914.

Ба қатор ҷой кардани ҷузъу томҳои низомӣ ва гурезагон ҳангоми ақабнишинӣ аз Галитсия дар замони Ҷанги нахустини ҷаҳонӣ. Соли 1915.

Захмишудагонро ба бемористони низоми мунтақил мекунанд. Соли 1915.

Сарфармондеҳ император Николайи II (дар марказ) якҷо бо генералҳо Михаил Алексеев (аз рост) ва Михаил Пустовойтенко (аз чап) нақшаи амалиёти низомиро баррасӣ мекунанд. Ҷанги нахустини ҷаҳонӣ 1914-1918.

Ҷосуси олмонӣ (2 аз чап) бо либоси занона, ки аз сӯйи кишоварзони рус дар наздикии маҳалли даргирӣ боздошт шудааст. Соли 1915.

Сарбозони рус ҳангоми истироҳат дар назди силоҳи худ баъд аз ғасби қалъаи Эрзурум дар замони ҷанги нахустини ҷаҳонӣ. Соли 1916.

Генерал Жоффр (дар марказ) сарбози русро бо соъат қадрдонӣ мекунад. Соли 1916.

Ҳамлаи артиши Русия дар яке аз самтҳои набарди Ҷанубу Ғарбӣ. (акси соли 1916). Соли 1963 аз сӯйи Н.Пашин бознигарӣ шудааст.

Сарбозони руси ба австриягӣ дар набарди Русияву Олмон ғизо медиҳанд. Соли 1917.

Ҷаласаи ҳамоиши сулҳ дар Брест-Литовск, ки дар он ҷо Созишномаи сулҳи миёни Русияи Шӯравӣ ва Олмон, Австрияву Маҷористон, Булғористон ва Туркия имзо шуда буд. Соли 1918. Аз бойгонии аксҳои Иттиҳоди Шӯравӣ.