Ҳафт соли нерӯгоҳи Сангтӯда-1: кори яке аз бузургтарин нерӯгоҳҳо дар ИДМ

Обуна шудан
Дуввумин нерӯгоҳи бузурги Тоҷикистон бо 70% зарфияташ фаъол аст ва омода мебошад, ки дар сурати зарурӣ мизони тавлиди нерӯи барқро афзоиш бидиҳад.

Аз замони фаъол сохтани якумин чарха ин нерӯгоҳ беш аз 13,4 миллиард кВт соъат нерӯи барқ тавлид карда феълан ҳудуди 12% тавлидоти нерӯи барқ дар Тоҷикистонро таъмин ва камбуди мавсимии нерӯи барқро 30% коҳиш медиҳад.

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" 31 июли соли 2009 комилан мавриди истифода қарор бигирафт, ҳарчанд чархаи нахустини соли 2005 фаъол карда шуд. Зарфияти тавлидотии ин нерӯгоҳ 670 мегаватт мебошад ва ба ин далел баъд аз нерӯгоҳи Норак ин дуввумин бузургтарин нерӯгоҳи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" бузургтарин тарҳи Русия ва Тоҷикистон дар ин кишвар буда бо масрафи 16 миллиард рубли русӣ эҳдос шудааст.

Сохтмон ва муҷҷаҳазсозии ин нерӯгоҳ аз сӯйи ширкатҳои энержии Русия, умдатан аз сӯйи ширкати "ИНТЕР РАО ЕЭС" анҷом шуда ин ниҳод соҳиби 75% саҳмияҳои ин нерӯгоҳ мебошад. 25% боқимонда моли давлати Тоҷикистон мебошад. 

Лентаи хабарҳо
0