ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, бештари шикоятҳое, ки ба ин ниҳод дар нимаи аввали имсол расидааст, нисбати мақомоти додгоҳии кишвар аст.
"Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ин ниҳод 1599 муроҷиати сокинон расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аст", — гуфтааст Зариф Ализода, рӯзи панҷшанбеи 30 июл зимни нишасти матбуотӣ.
Дар ҳамин давраи соли гузашта шумораи муроҷиати шаҳрвандон ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон 1211 ададро ташкил дода будааст. Ба гуфтаи ҷаноби Ализода, дар заминаи шикоят нисбати мақомоти додгоҳӣ ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар нимсолаи аввал 70 шикоят аз ҷониби сокинон расидааст. Аммо ба таъкиди ҷаноби Ализода, шикоят нисбати мақомоти корҳои дохилӣ 20 ададро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Зариф Ализода, бештари муроҷиати сокинон ба Дастгоҳи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар масъалаи ҳуқуқ ба манзил расида, ки дар маҷмӯъ 26 адад будааст. Ҳамчунин муроҷиатҳо дар заминаи ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла азнавҳисобкунии нафақа, рӯёнидани зарар ба саломатӣ, саривақт пардохт нагардидани нафақапулӣ, норозигӣ аз амалҳои кормандони хадамоти ташхиси тиббӣ ва норозигӣ аз санадҳои додгоҳӣ 13 ададро ташкил додааст.
Аммо ба таъкиди Ваколатдори ҳуқуқи инсон, дар ин давра муроҷиати сокинон дар заминаи ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 18 адад будааст, ки озодӣ аз шиканҷа —1, шикоят аз болои кормандони вазорати корҳои дохилӣ — 11, нисбати шахси мансабдор — 1, мусоидат барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ — 1, мусоидат барои бекор кардани қарори қабулнамудаи корманди додситонӣ — 1, мусоидат барои ба ҷавобгарӣ кашидани корманди оҷонсии мубориза бо коррупсия — 2, нисбати оҷонсии назорат бар маводи мухаддир — 1-ро ташкил медиҳад.
Дар ин давра дар Дастгоҳи Ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳалли мусбии 31 муроҷиати шаҳрвандон сабт шудааст.