ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Шаш кишвари аврупоӣ — Черногория, Албания, Исландия, Лихтенштейн ва Украинаву Норвегия пас аз ИА таҳримҳои иқтисодиро алайҳи Русия тамдид карданд, омадааст дар изҳороти роҳбари дипломатии ИА Федерико Могерини.
Тибқи иттилоъияи ин созмон, кишварҳои номбурда дар асоси сиёсати миллииашон аз қарори Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ кардаанд.
"ИА тасмими давлатҳои мазкурро бо хушнудӣ истиқбол кард ва аз дастгирӣ мекунад",- навишта шудааст дар баёния.
Ин кишварҳо бо шумули Гурҷистон ба таҳримоти иқтисодӣ алайҳи ФР ҳамроҳ шуданд. Қарори марбутаро ИА рӯзи 19 июн дар ҷаласаи Шӯро ба тасвиб расонид.
Баъд аз пайвастани Қрим ба Русия дар соли гузашта Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Русия чанд бор таҳрим ҷорӣ карданд.