ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҳавопаймоҳои мансуб ба ширкати русии "Rolkan Investmens Ltd", ки бо қарори додгоҳ дар соли 2011 мусодира шуда буданд, ҳанӯз дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа қарор доранд, иброз дошт аснои нишасти матбуотии рӯзи чаҳоршанбе Илҳом Тоиров.
"Ҳавопаймоҳо барои нақзи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон боздошт шудаанд ва то ҳанӯз дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа нигоҳ дошта мешаванд. Дар мавриди онҳо чизе гуфта наметавонам, ин ба салоҳияти мақомот аст. Сарнавишти халабонҳо ба шумо маълум аст, онҳо ба ҷавобагарӣ кашида шуданд",- гуфт ӯ.
Соли 2011 ду ҳавопаймои тамғаи АН-72 мутаалиқ ба ширкати русӣ пас аз фуруд омадан дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа иҷозаи парвозро дигар ба даст оварда натавонистанд. Халабонҳои ин ҳавопаймоҳо бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз, қоҷоқ ва риоят накардани меъёрҳои байналмилалии ҳавонавардӣ муттаҳам шуданд.
Бо ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои рус- Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз, қоҷоқ ва риоят накардани меъёрҳои байналмилалии ҳавонавардӣ ба 8,5 соли зиндон маҳкум гардида, пас аз муддате аз зиндон раҳо шуданд.