ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Ҷаҳонгарди белорусӣ ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Юрий Бирюков дар тарҳи хусусиаш "Мир в фокусе" Тоҷикистонро аз ҳама кишварҳои меҳмондӯстарин унвон кардааст.
"Барои ман дар меҳмондӯстӣ Тоҷикистон қаҳрамон аст. Баъд аз убур аз марзи Ӯзбакистону Тоҷикистон, ки шабона сурат гирифт, мо хостем барои хобидан хайма бизанем. Вале муовини фармондеҳи гузаргоҳ омада аз мо хоҳиш кард, ки меҳмонаш бошем", — қиссаи худро оғоз кардааст Бирюков.
Мо андешае доштем, ки тасаввури чунин ҳолат бо марзбонони Белорус хеле душвор аст. Рӯзи дигар дар Душанбе садҳо нафар кӯмаки худро пешниҳод мекарданд. Вале ҳодисаи аз ҳама тааҷҷубовар дар шаҳри Хуҷанд рух додааст. "Дар меҳмонхонаи бузургтарин "Ленинобод" ҷой гирифтем. Дар ин меҳмонхона чаҳор толори баргузории ҷашнҳо воқеъ буданд ва тамоми шом моро нагузоштанд, ки аз он ҷо берун шавем. Ҳатто субҳ моро ба маросими "оши наҳор" бурданд", — қисса кардааст аз таассуроти худ Бирюков.
Ба гуфтаи вай мардуми хайрхоҳ дар сафар ба кӯҳистони Фан, Искандар-кӯл, Дарвоз вомехӯрданд, вале беҳтарин таассуроташ бо як нафар марбут мебошад — мудири қалъа-осорхонаи "Ҳулбук" Абдуллоҷон Хоҷаев.
Бирюков навиштааст, ки шабона вориди "Ҳулбук" мешаванд ва посбон пешниҳод мекунад, ки болои фарши ин осорхона шабро рӯз кунанд. "То субҳ, то омадани мудири осорхона мо миёни ёдгориҳои қадима хобидем", — менависад Бирюков.
"Субҳ то дер бихобидем ва мудир алаккай омада буд. Фикр мекардам, ки посбон ҳоло танбеҳ мегирад. Вале тааҷҷуб кардам, ки мудирро паси мизи бо наҳор орошуда дидам. Вай худ моро дар тамошои қалъа раҳбаладӣ карда, ҳатто нахост қиммати билети вурудро бигирад", — изҳор доштааст ҷаҳонгард.
Тоҷикистон кишвари фавқуллода меҳмондӯсту самимӣ аст. "Ба мусофир чӣ гуна муносибат бикунӣ, Худо низ ба ҳамин шева бо ту муносибат мекунад".
Эҳтимол дорад ҳама фикр кунанд, ки чунин бархӯрди хуб дар ҳамаи кишварҳои собиқӣ шӯравӣ бошад, зеро ҳама ба забони русӣ баладанд ва то ҷое ҳама "худӣ" мебошанд. Воқеъан, дар Тоҷикистон вай бо афроди солхӯрдае низ вохӯрдааст, ки аз замони шӯравии "қаблӣ" бо эҳсоси дарду алам ёдоварӣ мекунанд. Ба ин далел ҷаҳонгардон аз кишварҳои собиқи шӯравӣ то ҳол барояшон дар муқоиса бо атбоъи хориҷӣ "худӣ" мебошанд.
"Вале меҳмоннавозии ҷавонон, ки баъд аз давраи бозсозӣ бузург шудаанду бо мушкил ба забони русӣ ҳарф мезананд, чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?", — суол мекунад Бирюков.
Вай мӯътақид аст, ки меҳмондӯстии тоҷикон вижагиест, ки аз кӯдакӣ дар онҳо шакл гирифта вориди тафаккур, фарҳанг ва урфу одати онҳо нақш бастааст.