ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Мири ноҳияи Масапил Висенте Перес Эскивел гуфтааст, дар пайи садамаи нақлиётӣ 20 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 40 тани дигар ҷароҳатҳои сангин бардоштаанд.
Ҳодиса дар ноҳияи Масапили иёлати Сакатекаси Мексика рух додаст. Бо сабаби аз кор мондани тормозҳои мошини боркаш ронанда онро нигоҳ дошта натавонист ба тарафи зоирин рондааст.
Ҳатто аз иёлати ҳамсояи Коауили ҳамсоя гурӯҳҳои наҷотбахш ба макони садама ҳозир шудаанд, захмиён ба касалхона интиқол ёфтаанд. Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.